Маълумоти охирин

ТУТИХО

ТУТИХО (Moraceae), оилаи буттаву дарахти хамешасабз ё хазонрез ва баъзе гиёххост (Dorstema, Fatona).

Танаву шох ва барги аксари тутихо шираи ширмонанд доранд. 60—85 чинси растанихоро муттахид мекунанд, алалхусус дар минтакахои тропики ва субтропики фаровонанд. Дар Точикистон аз тутихо махсусан анчир ва тут маъмуланд. Инчунин баъзан канакунчид ва канабро мепарваранд.

Common fig

Тутихо ахамияти калони иктисоди доранд. Туту анчир меваи хеле машхуранд. Аз барги анчир дору (псорален, псоберан) тайёр мекунанд. Барги тут хуроки асосии кирмак аст. Аз канабпоя нах мегиранд. Аз баъзе намудхои тутихо каучук ва когаз хосил мекунанд. Аз орди меваи Artocarpus integer (вазни як донааш то 12 кг) нон мепазанд (Индонезия). Шираи ширини дарахти Ialactodendron utile-ро дар Америкаи Чануби чун шир истифода мебаранд. Шикорчиёни нохияхои чануби шарки Хиндустон тири камонашонро ба шираи захрноки дарахти закум (анчар) — Antiaris toxicaria тар мекунанд.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …