Маълумоти охирин

ТУТАК

ТУТАК, тутгулак, тутгазак, тутгузак (Роterium роlugamum), як навъ гиёхи худруест аз оилаи настаранихо. Гиёхи серпоя ва бисёрсолаест, ки 40—90 см кад мекашад. Дар минтакаи чангалзори гармсер ва пахнбарг, алафзор, нишебихои сантлох ва шагалчойхо (каторкуххои Курама, Зарафшов, Хисору Дарвоз, мавзеъхои Точикистони Чануби ва Шарки; 1000—2500 м аз сатхи бахр), инчунин чун алафи бегона дар киштзору бог меруяд.

Тутак гиёхи доруист. Дар тибби халки чушоби бехашро доруи хунбанд (хангоми зусанториё, яъне исхоли хунин, бавосир, беморихои занона) ва исхоловар мехисобанд. Аз баргу пояи хушки он «чой» дам мекунанд, ки иштихоовар буда, кори узвхои хозимаро таквият медихад. Ба дарди гулу ва зангила низ давост. Аз барги навхези тутак (бо чагчаг, матинч, коку, авгуч ва гайра) самбусаи алафи ва хуриш тайёр мекунанд.

Тутакро чорво нагз мехурад. Баргу пояаш (то гулшукуфт) то 5% канд, 4% охар, 10,6% сафеда, 4% равган, 41—70 мг% витамини С, 5 мг% каротин (провитамини А), флаваноидхо ва моддахои даббоги дорад.

М. Хочиматов, М. Саидов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …