Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТУТАКАЛИ

ТУТАКАЛИ

tutakali

ТУТАКАЛИ, тутакалит, тутакалак, зангбуя, зангпоя, мушлак, мушбуяк, алафи муш, шавкарон (Сonium makulatum), як навъ гиёхи бадбуи хеле pахрнок (аз оилаи чатргулхо). Бехаш дукшакли сафедтоб. Пояаш рост, дарунхоли, сершох, то 2 м кад мекашад. Баргхои кисми поёни поя думчадароз, сегушаи паршакл (дарозиашон то 90 см ва барашон то 70 ом), миёна ва болои —хурд (дарозиашон 0,5—15 см, барашон 0,1—9 см). Поя ва думчаи барги тутукали холхои сурхтоб дорад. Гулаш 5-баргаи сафед, тухмаш дупалла (дарозиаш 3—3,5 мм), байзашакли дарозруя ё гирда. Май — июн гул мекунад. Тухмаш аз июн сар карда мепазад. Реша, баргу поя ва гулу тухми он бадбуй (буи муш меояд) аст. Чуноне, ки Бедил гуфтааст:

Назаре ку, ки кунад ранги гул аз оташ фарк?

Шомае ку, ки шавад мудрики мушк аз мушлак?

Дар калори роххо, богхо, нишебии куххо, канори чую дарё ва чашмахо месабзад. Тутукали аз кадим чун гиёхи захрнок маълум аст. Бино ба маълумоти маъхазхо файласуф ва донишманди давраи атика Сукротро бо «нушоки»-е, ки аз тутукали таиёр мекарданд, ба марг расонидаанд. Абуалии Сино тутукали (шавкарон)-ро захри халохил хисобидааст. Вале аз он мархаме сохта ба никрас (подагра) мебаст. Табибон тутукалиро барои табобати касалихои гуногун истифода мебурданд, лекин бисёр беморон захролуд мешуданд. Дар вакти захролуди чашми хира, гуши кар, мардумаки чашм васеъ шуда, сар чарх мезанад. Хангоми сахт захролуд шудан узвхои нафас фалач мегарданд. Маълум шудааст, ки тухми тутукали 1,3— 1,4% алкалоидхои хеле захрнок (кониин, метилкониин, контидрин ва гайра) дорад.

Адабиёт: Ходжиматов М., Бобоходжаева С., Содержание и качественный состав биологически активных вешеств в coinum masulatum L, «Изв. Академии Наук Таджикской ССР», Отдел биолиотека наук, 1973, М 2; Садыков Ю. Д., Ходжиматов М. Алкалоиды coinum masulatum,  Доклады Академии Наук Таджикской ССР. 1983, № 8.        М. Хочиматов, Ю. Содиков.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …