Маълумоти охирин

ТУНКАТ

ТУНКАТ, шахри кадим дар Осиёи Миёна, пойтахти давлати асримиёнагин Илок. Димнаи Тункат дар наздикии шохобхои дарёи Охангарон — Совукбулок ва Отчопарсой вокеъ аст. Тункатро солхои 1929—34 М. Е. Массон ва 1959—62 Ю. Ф. Буряков тадкик намудаанд. Масохати кисми то имруз бокимондааш 50 га. Дар шимолу гарби Тункат арки секунчае чой гирифтааст. Се тарафи арк ва майдони шахристон работхои бо девор ихоташуда дораид. Хафриёти археологи собит менамояд, ки Тункат асрхои 5—6 аз деха ба шахр табдил ёфта, асрхои 9—10 ба авчи аълои тараккиёт расидааст. Аз асри 11 ру ба таназзул нихода, дар асри 12 ба хароба табдил шудааст.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …