ТУКАЙ Абдулло (ном ва фамимия— Абдулло Мухаммадорифович Тукаев; 26. 4. 1886, раёни Арки РАСС Тотористон —15. 4 1913, Казон), шоир ва публисисти тотор. Аз соли 1895 дар Уральск мезист. Соли 1902 ба шеъргуи шуруъ намуд. Дар газетахо шеъру маколахои публисисти чоп мекард.
Соли 1907 дар Казон бо нависандагони демократ шинос шуд. Хамрохи онхо нашри газетаву журналхоро ба рох монд. Тукай асосгузори лирикаи граждании революциони, танкиди адабии реалисти дар адабиёти тотор мебошад. Асархояш ба бисёр забонхои халкхои СССР, аз чумла, ба забони точики тарчума шудаанд. Соли 1966 дар РАСС Тотористон Мукофоти республикавии ба номи Абдулло Тукай таъсис гардид. .
Инчунин кобед
САГИР
САГИР, нигаред, Сугур.