Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТУГМАЧАГУЛ

ТУГМАЧАГУЛ

ТУГМАЧАГУЛ, мубофак, панирак (Маlvа), гиёхи як ё бисёрсолаест аз оилаи тугмачагулхо. Тугмачагул эсосан чун алафи бегона дар назди бошишгох, киштзору бог, баъзан дар пахтазору чангал месабзад. Дар Точикистон 8 намуди тугмачагул вомехурад: М. mauritiana (асосан дар нохияхои шимоли ва чануби республика, баъзан дар Помири Гарби нуму меёбад.

tuxmchagul
Растании ороиши ва асаловар аст. Баргу гулаш хусусияти давои дорад), М. sylvestris (дар нохияхои чануби, дар канори роххо меруяд), М.nicacensis (дар хама чо месабзад; хуроки хуби чорвосг). М. игсрфкшсф (гайри Помир) дар хамаи заминхои обии республика меруяд), М. neglecta (дар хама чо месабзад; хуроки хуби чорвост. Гиёхи асаловар, доруист. Дар тибби халки хангоми дарди гулу бо чушоби баргу решааш гулуро мечайконанд), М. pustella(асосан дар нохияхои марказии республика дар мачрои хушки дарёхо, канори роххо меруяд ва хамчун растании рангубори, равгану витаминдор истифода мешавад), М. parviflora (асосан дар шимол ва чануби республика вомехурад), М. раmirroalaica (танхо дар Помири Гарби дар пайколу назди бошишгоххо месабзад).
Баргу пояи навраси тугмачагул (М. sulvestris М. neglesta, М. mauritiana ва гайра)-ро, ки сервbтамин (каротин ё провитамини А ва витамини С) аст, ба таом меандозанд. Гул ва барги тугмачагули бешаги (М. sulvestris, нигаред расм) луоби фаровон дошта, шарбаташро аз кадим чун дору ва гулашро барои ранг кардани пашм ба кор мебаранд. Аз баъзе тугмачагулхо (М. melusa) нахи дурушт хосил мекунанд ва аз он аргамчин мебофанд. Аз тухмаш равган мегиранд.
Адабиёт: Травянистые растения СССР, т. 2, Москва, 1971; Флора Таджикской ССР, т. 6, Л., 1981. 3. Курбонбеков.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …