Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТРОЛЛЕЙБУС

ТРОЛЛЕЙБУС

ТРОЛЛЕЙБУС (англиси trolleybus, аз troley — нокили контакти ва bиs — автобус), як навъ наклиёти электрии гайрирелсии шахрист. Истифодаи тролейбус дар Германия хануз дар ибтидои солхои 80 асри 19 маълум буд. Дар СССР тролейбусхои аввалин соли 1933 сохта шуданд.

troleybus

Соли 1934 тролейбус дар Москва хамчун воситаи наклиёт ба кор даромад. Солхои 60—70 дар бисёр шахрхои калони СССР мавриди истифода карор гирифт.
Тролейбус дар Точикистон бори аввал соли 1955 ба истифода дода шуд, ки дарозии рохи он (шахри Душанбе) 11 км буд. Алхол (1987) дар республика зиёда аз 270-то тролейбус (Душанбе, Ленинобод) дар истифода мебошанд, ки дарозии умумии рохи онхо бештар аз 170 км-ро ташкил медихад.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …