ТРАНСФОРМАТОРИ ЭЛЕКТРИ, олати статикиеро гуянд, ки барои тагйир додани бузургии шиддати тагйирёбанда таъин шудааст. Тарзи кори трансформатори электри ба ходисаи индуксияи электромагнити асос ёфтааст. Трансформатори электри якпечаи аввал (ПА), як ё якчанд печаи сони (ПС) ва дилаки ферромагнити дорад. Хамаи печахо дар болои дилак чой гирифта, бо хам алокаи индуктивй доранд. Баъзан вазифаи печаи сониро як кисми печаи аввал ичро мекунад (ё баръакс); печаи трансформатори электриро автотрансформатор меноманд.
Трансформатори электриро бори аввал соли 1876 П. Н. Яблочков дар занчири чароги электри истифода бурдааст. Соли 1890 электрэтехники рус М. О. Доливо-Доброволский трансформатори электрии сефазаро ихтироъ намуд. Минбаъд трансформатори электри аз чихати конструксия, афзоиши иктидор ва к. а. м., бехтар гардидани изолясияи печахо такмил ёфт. Хозир навъхои гуногуни трансформаторхои электрие мавчуданд, ки дар сохахои мухталифи техника истифода мешаванд. Трансформатори кувваги яке аз намудхои асосии трансформатори электри ба хисоб меравад, ки дар байни он гурухи асосиро трансформаторхои куввагии дупечадор ишгол мекунанд. К. а. м.-и трансформатори электрии куввагии баландиктидор 98—99% аст. Ин хел трансформатори электри (равгани)-ро одатан дар хавои кушод мегузоранд. Трансформаторхои беравганро трансформатори электрии хушк меноманд. Трансформаторхои хушкро бештар дар радиотехника истифода мебаранд. Навъхои дигари трансформаторхои кувваги низ мавчуданд, ки онхо барои санчидани шиддат ва куввахои чараёни баланд (трансформатори ченкунанда, трансформатори шиддат, трансформатори кувваи чараён), паст кардани дарачаи талафи хати алока (трансформатори фурукаш), ба шакли импулси овардани шиддати синусоидали (пиктралсформатор табдили импулсхои кувваи чараён ва шиддат (трансформатори импулси) таъин шудаанд.
Д. Давлатшоев.