Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТРАНСАКТИНОИДХО

ТРАНСАКТИНОИДХО

ТРАНСАКТИНОИДХО, трансактинидхо, глементхои химиявии радиоактиви сунъиеро гуянд, ки дар системаи даврии Менделеев баъди Лоуренсий (Lr, эламенти охирини гурухи актиноидхо) чой гирифтаанд. То аввали 1982 чор элемедти мансуби Трансактиноидхо— курчатовий, элементн 105, элементи 106 ва элементи 107 синтез шуданд. Ба кашф ва синтези Трансактиноидхои нав олимони шахрхои Стокголм (Швесия), Беркли (ШМА), Дубна (СССР), Женева (Швейцария) ва Дармштадт (РФГ) машгуланд.

transaktinoidho
Элементи 105-ро соли 1970 дар Институти муттахидаи тадкикоти ядрови (Дубна) хосил карданд. Изотопхои 260105 (Т1/2 = 1,6 ± 0,3 сон) ва 261105 (Т1/2 = 1,8 ± 0,6 сон)-и ин элемент хангоми реакцияи ядроии силтези америций ва неон ба кайд гирифта шудаанд. Ду мох баъдтар дар Лабораторияи радиационии ба номи Э. Лоуренс (Беркли) изотопи 262105 (Т1/2 = 40 сон) синтез карда шуд. Дарачаи оксидшавки олиаш +5. Олимони Дубна элементи 105-ро ба шарафи физик Нилс Бор нилсборий (Nilsbohrium, Ns) номиданд.
Элементи 106-ро олимонл Дубна соли 1974 синтез карданд. Изотопи 259106 (Т1/2 = 0,007 сон)-и он хангоми бо ионхои вазнини хром бомбаборон кардани сурб хосил карда шудааст. Охири хамон сол (1974) дар Беркли изотопи нисбатан устувори элемонти 106 — 253106 (Т1/2= 0,9 ± 0,2 сон) ба даст оварда шуд.
Элементи 107-ро низ олимони Дубна хосил намудаанд (1976). Изотопи 261407 (Т1/2 = 0,002-0,003 сон)-и элемент дар реакцияи ядроии синтезл висмут ва хром ёфт шудааст.
Р. Бобохочаев.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …