Маълумоти охирин

ТОВУС

ТОВУС, мурги бихишт (Раvо), як навъ мурги зебост аз оилаи тазарвихо. 2 намуди Товус (мукаррари — Р. сristetus ва кабудбол — Р. muticus) маълум аст. Товуси мукаррарии нарина хеле хушранг аст; дарозии танаш 100—125 см, думаш 40—45 см. Пархои болои думаш (калал), ки онхоро иштибохан дум мехисобанд, хеле дарозанд (120— 130 см) ва «чашмакхо»-и базеб доранд. Вазнаш 4—4,25 кг.

tovus

Сар, гардану кафаси синааш кабуд, пушташ сабз, шикамаш сиёх. Товуси модина нисбатан хурдчусса буда, пархои дароз надорад. Ба монанди Товуси нарина хушранг нест. Дар нимчазираи Хиндустон ва чазираи Шри-Ланка маскун аст. Товуси кабудбол хушрангу зебост. Товусхои наринаву модина аз чихати ранг ба хам хеле монандавд. Дар Хиндухитой, Малакка ва Суматра вомехурад. Товус дар буттазор ва сохили дарёхо зиндаги мекунад. Дар замин лона месозад ва 5—6-то тухм метузорад. Товуси модина баъди 27—30 руз чуча мебарорад. Асосан нармбаданхо (моллюскхо), хашарот ва растаниро мехурад. Товус дар байни мардуми Шарк аз кадим машхур аст. Товус дар Хиндустон кисман хонаги шудааст.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …