ТОКСОПЛАЗМОЗ, бемории паразитии одам ва хайвонот, ки токсоплазмахо ба вучуд меоранд. Манбаи сироят намудхои гуногуни (бештар аз 180) хайвонхои хонаги, вахши ва паррандахо мебошанд. Одам бо Токсоплазмоз дар натичаи истеъмоли гушт ва тухми хом, ба пардахои луоби ё захми пуст афтодани ангезанда ва гизо гирифтор мешавад. Токсоплазмоз аксар вакт ба таври музмин (бо дарди сар, калоншавии гадудхои лимфави ва чигар, сустшавии кобилияти кори ва баъзан иллати чашм, дил, асаб ва дигар узвхо) мегузарад. Токсоплазмозро бо усулхои серодиагностики (ташхиси зардоби) ва озмоиши аллергии зерипустд муайян мекунанд.
Муолича: хлоридин ва дорухои сулфаниламиди.
Пешгири: риояи коидахои санитари хангоми нигохубини чорво, коркарди хурокворихо ва гайра.
Ба Токсоплазмоз хайвонхо, чорво, хайвоноти вахши, инчунин паррандахо хам гирифтор мешаванд. Токсоплазмахо дар бадани хайвонот дар шакли систа якчнд сол зивда мемонанд (асосан дар магзи сар ва мушакхои скелети).
Токсоплазмозро дар асоси маълумоти эпизоотологи, аломатхои бемори, натичаи тадкики зардоби хун ва гайра ташхис мекунанд.