Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТИП дар биология

ТИП дар биология

ТИП дар биология (typus), навъ, 1) категорияи таксономии оли дар систематикаи хайвонот, ки синфхои ба хам наздик (хеш)-ро муттахид мекунад, Соли 1812 Ж. Кюве хама хайвонотро ба чор «шоха» чудо намуд; баъдтар (соли 1825) зоолог ва анатоми франсави А. Бленвил ин чор «шоха»-ро Тип номида, онро чун истилох ба илм дохил кард. Типхо хачман гуногун мешаванд; масалан, Типи исфанчхо кариб 5000 намуд ва Типи погонофорахо хамаги 100 намудро дар бар мегирад. Тип аксар ба зертипхо (масалан, Типи хордадорхо ба 4 зертип — сархордадорхо, пардадорхо, бекосаисархо за хайвоихои мухрадор) таксим мешавзд. Хамаи организмхое, ки ба як Тип мансубанд, сохти ягона доранд. Микдор ва хачми Типро систематикхои гуногун хар хел (аз 10 то 33) баён кунанд хам, вале ин ихтилофот ахамияти асосии Типро, ки чун категория шохахои асосии дарахти филогенезии хайвонотро инъикос менамояд, тагъир дода наметавонад (нигаред низ Систематика). 2) Дар систематикаи растанихо Тип ба шуъба мувофикат мекунад.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …