Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТИМОШЕНКО Семён Константинович

ТИМОШЕНКО Семён Константинович

tioshenko-s

ТИМОШЕНКО Семён Константинович (18. 2. 1895, дехаи Фурманка, хозира Фурмановкаи нохияи Килинскии вилояти Одесса— 31. 3. 1970. Москва), лашкаркаши совети, Маршали Иттифоки Совети (1940), ду карат Кахрамони Иттифоки Совети (1940 ва 1965). Аъзои КПСС аз соли 1919. Аз оилаи дехкон.
Аз соли 1915 дар сафи армия. Иштирокчии Чанги якуми чахони (1914—18). Баъд аз Револютсияи Октябри 1917 дар торумори калединчиён иштирок дошт. Солхои 1918—20 командири полк, бригада, корпус, ва дивизияи савора буд. Дар давраи Чанги Бузурги Ватани (1941—45) Тимошенко сарфармондехи Самти Гарби ва Чанубу Гарби, фармондехи кушунхои фронтхои Гарби, Чанубу Гарби Сталинград ва Шимолу Гарби буд. Баъди чанг ба кушунхои округхои харбии Барановичи (1945—46), Урали Чануби (1946—49) ва Белоруссия (1949—60) фармондехи кард. Аз марти 1960 Инспектори геноралии гурухи инспекторони генералии Вазарати мудофиаи СССР. Солхои 1961—70 раиси Комитети сооветии ветеранхои чанг. Солхои 1939—52 аъзои Комитети Марказии ВКП(б), 1952—70 номзад ба аъзои Комитети Марказии КПСС. Депутати Савети Олии СССР (даъватхои 1—7). Бо 5 ордени Ленин, 9 ордени дигар ва медалхо, инчунин якчанд ордену медалхои хоричи мукофотонида шудааст. Дар девори Кремли Майдони Сурх мадфун аст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.