ТИЛЛОТЕППА, маъбади асрхои 11 —9 то мелод ва кабристони асри 1 то меллод— асри 1 мелод дар Афгонистони Шимоли —5 км шимолу гарбтари шарки Шибиргон. Солхои 1969, 1977—79 аз тарафи бостоншиносони совети омухта шудааст.
Маъбад дар аввал аз ду толор — толори калон дар Шимол (зиёда аз 400 м2) ва толори хурд дар Чануб (такрибан 100 м2) иборат буд. Болорхои сакф дар толори калон ба нух сутуни хишти хом ва дар толори хурд ба хамин гуна чор сутун такя мекарданд. Маъбадро басо мустахкам сохтаанд: деворхои берунии он гафс буда, аз хар тараф сетои бурчхои мудаввар доранд. Дар девору бурчхо тиркашхо хастанд. Дар маркази толори калон осори мехроб ёфт шуд. Бино аз хишти хом ва похса бунёд гардидааст.
Дар асрхои 8—7 то мелод дар толор деворхои иловаги пайдо шуда онро ба якчанд хонахои нисбатан хурд таксим кард ва бинои маъбад ба каср табдил ёфт. Дар ахди Хахоманишиён (асрхои 6—5 то мелод) хонахо боз хам майдатар шуда, Тиллотеппа ба бинои икомати мубаддал гашт. Дар охири асри 5 то мелод мардум Тиллотеппаро тарк карданд ва он тадричан хароб гашта, намуди теппаро гирифт.
Дар асри 1 то мелод 800 м шимолу гарбтари Тиллотеппа шахри калони кушони, ки холо онро ахолии махалли Эмчактеппа меномад, бунёд ёфт. Хокимони вилоят, ки кароргохашон хамин шахр буд, Тиллотеппаро кабристони сулолави кардаанд.
Солхои 1978—79 аз 6 кабри хафршуда такрибан 20 хазор осори тиллои ба даст омад. Аксари осор шохкорихои санъати заргарист, Бозёфтхои рочеъ ба санъати заргари, тасвири, эпиграфика, урфу одат, дин, расму оини дафнкуни, чихатхои этникии дафншудагон, оид ба сохти кабру тобути онихо, сохти либос, ярок ва бисёр чихатхои дигар маълумоти гаронбахо медиханд.
То ин дам олимон акидае доштанд, ки худуди Бохтар дар ибтидои милод чои ба хам омехташави ва таъсиррасонии тамаддунхои гуногун буд. Бозёфтхои Тиллотеппа ин фикрро пурра тасдик мекунанд (нигаред давлати Кушониён). Мо дар осори Тиллотеппа унсурхои маданияти Юнон, Рум, Хинд ва скифхоро мебинем, ки дар аамлнаи анъанахои махалли ба худ рангу оханги тозае гирифтаанд.
Тасвир дар сахифаи 368—360.
Адабиёт: Пулодов Авроки заррини таърих, «Саъдои Шарк», N 12, 1979.
У. Пулодов.
Инчунин кобед
САГИР
САГИР, нигаред, Сугур.