Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТИЛАК Балгангадхар

ТИЛАК Балгангадхар

ТИЛАК Балгангадхар (23. 7. 1856, Ратнагири, Махароштра — 1. 8. 1920, Бамбай), яке аз рохбарони каноти демократии харакати миллии озодихохии Хинд, олим, Хукукшинос. Фаъолияти чамъиятию сиёсиаш аз солхои 70 сар шудааст. Аз соли 1884 ба нашри газетаи «Махратта» ба забони англиси ва «Кесари» ба забони маратххи (хар ду газета дар охири асри 19 — аввали асри 20— органхои каноти демократии харакати миллии Хинд) шуруъ намуд. Тилак зулми мустамликадорони империализми Англияро дар Хиндустон сахт танкид намуда, тараккиёти мустакилонаи иктисодиети ватанашро тарафдори кард ва дар харакати свадешхо фаъолона иштирок намуд. У яке аз аввалин шахсонест, ки дар харакати миллии Хинд назарияи зарурати ба муборизаи озодихохи чалб намудани оммаи мехнаткашонро пешниход кардааст. Барои фаъолияти зиддиимпериалистиаш борхо хабс, соли 1908 ба мухлати 6 сол бадарга шудааст. Дар зери таъсири Револютсияи Октябр зарурати муборизаи пролетариати Хиндустонро барои хокимияти сиёси таргиб менамуд. Газетахое, ки Тилак нашр менамуд. Револютсияи Октябр, фаъолияти болшевиконро бо рохбарии В. И. Ленип табрик мекарданд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.