ТИФУЛЕЗ, як навъ касалии растаниро гуянд, ки занбуругхои чинси тифула — Тuphila ба вучуд меоранд. Бештар ба гандум, себарга, резак ва гайра зарар мерасонад. Асосан дар нохияхои серрутубат пайдо мешавад. Гандум ба Тифулез бештар тирамох ва баъзан бахор гирифтор мегардад.
Манбаи касали — растанихои худруи хушадор, баргу пояи гандуми касал, ки дар сахро мондааст ва хоки занбуругдор. Тадбирхои мубориза: шудгори чукури тирамохи, бахорон мола кардан, алафхои бегонаро нест намудан.