ТЕЗИСХОИ АПРЕЛИИ В. И. ЛЕНИН, тезисхои маъруза «Дар бораи вазифахои пролетармат дар революцияи хозира», ки ба онхо В. И. Ленин [ 4 (17) апрели 1917 дар Петроград баромад карда буд; хуччати программавиест, ки плани мубориза барои ба револютсияи социалисти сабзида расидани револютсияи буржуази-демократиро пешбини мекард. Дар масъалахои сиёси Тезисхои апрелии В. И. Ленин шиорхои «Хукумати муваккати дастгири карда нашавад!», «Тамоми хокимият ба Советхо!»-ро ба миён гузоштанд; инчунин низомнома дар бораи Республикаи Совети—шакли давлатии диктатураи пролетариат, масъалахои чудо ва фош кардани партияхои муросокор ва «мудофиачигии революциони»-и онхо, аксариятро ишгол намудан дар Советхо пешниход шуданд. Дар сохаи иктисоди Тезисхои апрелии В. И. Ленин мусодира кардани хамаи заминхои помешикон, милли намудаии тамоми заминхои мамлакат, дар як банки умумий муттахид кардани хамаи банкхои мамлакат ва аз болои онхо чори намудани назорати Советхои депутатхои каргарон, назорати коргари аз болон истехсолоти чамъияти ва таксимоти махсулотро пешбини менамуд. Дар Тезисхои апрелии В. И. Ленин рохи пеш гирифтаи партия барои инкишофи осоиштаи революция дар шароити духокимияти асоснок карда шуд.
Вазифахои дохилипартияви аз кабули программаи нави партия, Партияи коммунисти номидани он ва таъсиси Интериационали 3-юм (Коммунисти) иборат буданд. Тезисхои апрелии В. И. Ленин барои карорхои Конференцияи хафтуми (апрелии) умумироссиягии РСДРП(б) (1917) асос шуданд.
Инчунин кобед
САГИР
САГИР, нигаред, Сугур.