ТЕЗАУРУС (аз юнони tezauros — ганч, ганчина), як навъ лугат (фарханг)-и тафсири ё мавзуи (сохави)- ро гуянд, ки кулли калимахои таркиби лугавии забон ё тамоми калимахои марбути ягон сохаи илмро дар бар мегирад. Дар Тезаурус на танхо калимахои забони адабии имруза, балки архаизму неологизмхо, калимахои китоби, шеваги ва гайра оварда мешаванд. Ба гайр аз ин Тезаурус тамоми калимахои дар осори хатти ва адаби истифодашударо дар бар мегирад. Намунаи чунин Тезаурус «Тhеzаurus lunguae latinae» мебошад, ки дар Франция соли 1532 тартиб дода шудааст. Аз асархои дар асри 20 офаридашуда «Лугатномаи Деххудо ва лугати 17 чилдаи забони хозираи адабии русро Тезаурус шуморидан мумкин аст. Солхои 70 якчанд Тезаурусхои сохави ба миён омаданд.
Дар ин гуна Тезаурусхо калимахо тафсир намешаванд. Як калима хамчун сарлавха (саркалима) интихоб шуда, калимахои мутародифи он паси хам чида мешаванд. Калимаи матлубро бо ёрии саркалима пайдо кардан мумкин аст. Бо нн рох на танхо Тезаурусхои сохави, балки Тезаурусхои умумизабони низ тартиб дода мешаванд.
Навъхои дигари Тезаурусхо лугатхо (фархангхо)-и осори хатти, ёдгорихои адаби мебошанд, ки тамоми калимахои онхоро дар бар мегиранд. Фархангхои калимоти истифодакардаи ягон адиб ё фарханги ягон асари у низ Тезаурусхо шуда метавонад. Масалан «Фарханги «Шохнома»-и мухаккики олмони Ф. Волф (Берлин, 1935). Баъзе шарххои тореволюционии форс-точикро Тезауруси як асари адаби гуфтан 1мумкин аст «Бахори борон — шархи Гулистон»-и Мухаммад Гиёсуддини Ромпури (асри 19)) ва гайра.
В. Капранов.