ТЕПЛОТЕХНИКА, як сохаи илму техникаро гуянд, ки ба масъалахои хосил ва истифода кардани гарми машгул аст. Гарми асосан дар процессхои элергетики ва технологи истифода мешавад. Дар процессхои энергетики гармиро тавассути мухаррикхои харорати (нигаред Мухаррики дарунсуз, Турбинаи буги Турбинаи гази) ба кори механики табдил медихад. Курахои саноати металлургия, химия ва коркарди нефт, мошинхои гармиивазкунанда ва гайра аппаратхои хароратианд, ки гармиро бевосита дар процессхои технологи истифода мебаранд. Дар Россия теплотехника хамчун сохаи илм дар асри 18 ба вучуд омад ва ба он олими бузурш рус М. В. Ломоносов асос гузошт.
Инкишофи минбаъдаи теплотехника ба ихтирои мошини бути, истифодаи саноатии сузишворхои табии вобаста аст. Теплотехникаи замонави масъалахол окилона ва самаранок истифода бурдани гарми ва дастгоххои гарми, усулхои такомули табдили онергия, роххои аз энергияи гарми бевослъа хосил кардани энергияи электр (масалан, проблемахои истифодаи генератори магнитогидродинамики, бевосита аз сузишвори хосил кардани энергияи электр, табдили энергия тавассути масолехи нимнокили ва гайра)-ро тадкик ва дар амал татбик менамояд. Процеосхои генерация ва истифодаи гарми ба асосхои назариявии теплотехника — термодинамикаи техники (конунияти табдил ва хосиятхои энергияи гармиро меомузад) ва назарияи интиколи гарми (маълумот дар бора процессхои бевосита истифода бурдани гарми) такя мекунанд.
Я. Рахимов.