ТЕОДОРАКИС Микис (таваллуд 29. 7. 1925, чазираи Хиос), композитор ва ходими чамъиятию сиёсии Юнон. Иштирокгари Харакати мукобилат. Соли 1950 Консерваторияи Афинаро хатм намуда, солхои 1953—59 дар Консерваторияи Париж махораташро такмил додааст. Аз соли 1959 дар Юнон. Депутати парламент аз Партияи ягонаи демократист (1964 —67). Соли 1967 баъди табаддулоти харби хабс ва 1968 бо талаби катъии халкхои тараккипарвари чахон озод шуд. Соли 1969 махбуси концлагери Оропоси назди Афина буд. Аз соли 1970 дар Франция зиста, июли 1974 ба Юнон баргашт. Муаллифи асархои симфони, камерави, суруд ва раксхост. Асархои намоёни Теодоракис: операи «Боргохи фариштахо», балети «Орфей ва Эвридика», , «Антигола» «Суруд дар васфи бародари шахид», «Хушдорхо аз Теруэл» ва гайра; мусики ба спектаклхои драмави (ба фочиаи «Шох Эдип»-и Софокл ва гайра) ва филмхо; асари вокалии «Эпитафия» (ба хотираи шахидони намоиши зиддифашисти), асархои вокалию симфонии «Юнон» ва «Шараф» (оид ба муборизаи юнотниён барои озоди аз зулми истилогарони фашисти). Боре чанд ба СССР омада рафтааст.