ТЕЛПАК, каллапуши мудаввари муинаист. Аз даврахои кадим вучуд дошт. Телпакро точикон асосан аз муина, чарм, пусти карокули, мохут ва махмал медухтанд. Дар Бухорою Самарканд ва нохияхои ба онхо хамшафат телпакро аз муинаи паташ кутох мёдухтанд. Теппаи телпакро аз пустикарокули, лабаки гирдаш да гушакхояшро аз муинаи сагоби, барра ва астари онро аз муина ё ягон матои гафс медухтанд.
Дар водии Фаргона теппаи телпак асосан аз махмали сиёх, мохути сиёх ё кабуд, пусти барра духта мешуд.
Теппаи чунин телпакхо ба 4 тарх таксим мешуд ва чандон баланд набуд, гирдаи ин кабил телпакхоро аз муинаи рубох ё савсар ва баъзан аз пусти баргаи навзод медухтанд. Дар замони хозира аз пусту муинахои табиию сунъи телпакхои гунотуни зебо медузанд. Телпакхои мардона аз телпакхои занона ва кудакона аз чихати духт ва андозаашон фарк мекунанд. Холо телпакро асосан дар корхонахои махсус медузанд.
М. Хомидчоноеа.