Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТЕЛЕИДОРА

ТЕЛЕИДОРА

ТЕЛЕИДОРА, бо асбобхои телемеханика аз масофа идора карданро гуянд; як фасли телемеханика аст, ки чараёни ирсоли амри идораро ба масофаи муайян, табдил ва таъсири онро ба объекти идора дар бар мегирад. Хар як объекти дар сиютемахои телемеханики (СТМ), одатан бо ду холат (масалан, «кушода- пушида», «васлшуда-васлношуда») тавсиф мешавад. Бинобар он амри идора одатаи аз як ё ду, баъзан якчанд калима сохта мешавад. Дар аксар системахои телеидора услуби дузинагии ирсоли сигнал (аввал адреси объект, сони информацияи идора) кабул шудааст.

years-of-radio-102

Системахои телеидораро барои ирсоли хам информацияи дискрети ва хам информациян бефосилаи идора истифода мебаранд. Барои назорати амалиёти объекти идора телеидораро бо воситахои телесигналони таъмин мекунанд. Аксаран объектро бо программаи муайян идора менамоянд. Агар программахо микдоран кам ва содда бошанд, системаи телеидора бо олати махсуси автомати (ичрокунандан программахо) чихозонида мешаванд. Одатан информацияи идораро ба системаи муштараки иборат аз телеидора ва телесигналони ирсол мекунанд. Телеидораеро, ки тавассути радиоканалхо ба вучуд меоранд, радиоидора меноманд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …