ТЕХНИКАИ ВАКУУМИ, мачмуи услубхо ва тачхизотеро гуянд, ки барои хосил кардан, нигох доштан ва назорат намудани вакуум истифода мешавад, Таърихи тараккиёти физикаю химия ва инчунин як катор сохахои саноат бо инкишофи Техникаи вакууми зич алокаманд аст. Тараккиёти пуравчи Техникаи вакууми бошад, бо инкишофи электроника, энергетикаи ядрои, техникаи суръатфизохо вобастаги дорад.
Комёбихои хозираи сохаи тактири вакууми, васеъ пахн шудани процессхои вакуумию металлурги ва вакуумию химияви, корхои тадкикоти дар сохаи реакцияхои термоядроии идорашаванда, техникаи хосил кардани плёнкахои нафис, масолехи тоза барои аппаратхои парвози кайхонй ва санчиши онхо дар шароитхои ба кайхон наздик факат ба туфайли дарачаи баланди инкишофи Техникаи вакууми имконпазир гардиданд.
Техникаи вакуумиро чи дар саноат ва чи дар тачрибахои (амалия) лаборатори истифода мебаранд. Олатхои Техникаи вакууми дар физикаи эксперименталии хозиразамон кори бисёр асбоб ва дастгоххои электрофизикиеро таъмин мекунанд, ки дар онхо дастаи заррахои заряднок ба харакат оварда мешаванд. Тадкики хосиятхои физикии сатхи чисмхои сахт ва инчунин баъзе тадкикоте, ки хосил кардани газхои холисро талаб мекунанд, факат дар вакууми фавкулазим имконпазиранд.
Барои халли бисёр масъалахои мураккаби илм ва техника вакууми 10-14 Па (10-16 мм сут. сим) инчунин чен кардани ин хел фишорхо заруранд. Барои ин асбобхои мукаммали ченкуни, усулхои санчиши нихоят дакики ибрити ва дигар тадбирхо даркоранд.