Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТЕХНИКАИ ТИБ

ТЕХНИКАИ ТИБ

ТЕХНИКАИ ТИБ, мачмуи воситахои техникиро гуянд, ки бо максади пешгири, ташхис ва табобати беморихо, инчунин барои анчом додани чорахои санитарию гигиени ва зиддиэпидеми истифода мешаванд. Дар даврхои кадим барои муоличаи беморону захмдорон хар хел олатхои гайритибби (поку, кайчи, гира, анбур, абручинак ва гайраро ба кор мебурдапд. Минбаъд ба туфайли пешравии илму санъати тиб ва тараккию такмили касбу хунархои гуногун аввалин олоти тибби ва чаррохи (нештар, сузанхо, чоку, анбури дандонкани ва гайра) сохта шуданд. Дар Россия истехсоли саноатии маснуоти Техникаи тиб асри 18 огоз ёфт. Дар асри 20 Техникаи тиб нихоят таракки кард.

tex-tib

Соли 1937 дар шахри Москва Лабораторияи марказии тадкикотии олоти тиб ташкил ёфт, ки дар заминаи он соли 1944 Институти умумииттифокии тадкикотии олот ва тачхизоти тиб ташкил шуд. Саноати тибби хозира кариб 50 муассисан ихтисосманд, институтхои тадкикоти, бюрохои конструктори ва микдори зиёди ташкилотхои дигар сохахоро дар бар мегирад, ки ба муассисахои нигахдории тандурусти беш аз 5 хазор номгуи намунахон Техникаи тибро медиханд. Дар СССР иттиходияхои асосии истехсолу сохтани намунахои нави Техникаи тиб «Союзмедприбор» ва «Союэмединструмент» мебошанд.
Соли 1958 мамлакатхои аъзои Совети ёрии иктисодии байнихамдигари таснифи махсус кабул карданд, ки аз руи он маснуоти Техникаи тиб ба 16 гурухи асоси таксим мешаванд: олоти тиб, аппаратхоя механики барои ташхис ва табобат, чихозхои понсоаи, гандзудои ва тактиркуни, асбобу олоти муоличаи чашм, маснуоти шикастабанди ва гайра.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …