ТЕХНИКАИ ХИСОБ, мачмуи воситахоеро гуянд, ки барои автоматонии амалхои хисоб, халли масъалахои мураккаб истифода мешаванд; як сохаи техника мебошад, ки лоихакаши, истехсол ва истифодаи хисобмошинхоро меомузад.
Олоти хисоби сохташон одди (абак, чути хитои) хануз то милод истифода мешуданд. Дар асри 17 асбобхои хисоб аз кабили чадвали Непер, чадвали логарифми, мошинаи арифметикии Б. Паскал маъмул буданд. Соли 1833 олими аиглис Ч. Беббич накшаи «мошини тахлили»-ро кашид, ки он арифмометри бузургеро мемонд, вале хангоми дар кайди хаёт буданаш ин накш амали нагардид.
Аввалин мошини аналоги барои халли муодилахои дифференсиали дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 ихтироъ шуд. Соли 1944 дар ШМА мошинаи ракамии «МАРК-1» сохта шуд, ки унсурхояш асосан аз релехои электромагнити иборат буд. Баъди сохта шудани нахустин хисобмошинхои ракамии электрони (ЭНИАК, соли 1946, ШМА) Техникаи хисоб бемайлон таракки кард. Дар муддати 35 соли охир, дар натичаи тараккиёти саноат 4 насли хисобмошинхои электронии раками — лампаги, нимнокили, дар асоси схемахои интеграли коркунанда сохта шуданд, ки дар натича нишондихандахои техникии хисобмошинхо (хачми хотира, зудкори) даххо ва садхо маротиба афзуданд.
Соли 1950 бо рохбарии академик С. А. Лебедев аввалин хисобмошини электронии ракамии «МЭСМ» ихтироъ шуд. Солхои 60 ва 70 асри 20 дар Иттифоки Совети як катор хисобмошинхои раками («Минск», «Урал», «Днепр», ЕС ЭВМ) сохта шуданд, ки дар систамахои автоматонидашудаи идора оид ба чамъ, тахлил ва истифодаи маълумот, барои фавран муайян намудани координатахои киштихои руиоби ва зериоби, объектхои кайхони ва гайра ба кор рафтанд.
Техникаи хисоб дар хочагии халки РСС Точикистон аз солхои 30-уми асри 20 инчониб истифода мешавад, хисобмошинхои раками бошанд («Минск» дар Управленияи марказии статисти ва Академияи Фанхои республика, «Сетун» дар Университети Давлатии Точикистон ба номи В. И. Ленин) солхои 60 мавриди истифода карор гирифтанд. Аз охири солхои 70 сар карда Техникаи хисоб дар Точикистон кариб дар хамаи сохахои хочагии халк истифода мешавад. Парки хисобмошинхои республика даххо вохидро ташкил медихад (1987). Л. Турсунов.