ТЕАТРШИНОСИ, илмест, ки назария, таърих ва танкиди санъати театриро меомузад. Театршиноси хамаи сохахои санъати театр: драматургия, санъати актери, режиссёри, ороиши сахна, меъмории театр, маълумоти театри, ташкили кори театр, тамошобин ва гайраро дар бар мегирад. Театршиноси то охири асри 19 чун «сохаи филология» асосан драматургия ва санъати актёриро тадкик мекард. Театршиноси хамчун илми мустакил дар асри 20 ташаккул ёфт. Театршиноси аввал асосаи театри драмаро тадкик менамуд, баъдтар фаъолияти театрхои опера ва балет, оперетта, бачагон, лухтак, хаваскорон, эстрада ва санъати циркро мавриди тахкик карор дод. Асосхои илми Театршиноси дар Юнон ва Рими Кадим пайдо шудаанд. Аристотель дар «Поэтика»-и худ нуктахои асосии назарияи драма ва санъати театриро маънидод кардааст. Инкишофи назария ва таърихи театри мамлакатхои Европаи Гарби бо комёбихои санъати театри давраи Эхьё алокаманд аст. Аввалин асархои таърихи ва назарияви оид ба саиъати театри охири асри 16 дар Франция, Англия ва Германия пайдо шудаанд. Дар ташаккули илми Театршиносии рус «Поэтика-и Ф. Прокопович (1705, мохияти ичтимоии театрро мекушояд), инчунин як катор асархои А. Сумароков, А. Пушкин, Н. Гоголь, В. Белинский, А. Островский ва дигарон хиссаи калон гузоштанд. Ибтидои асри 20 асархои илми ва фикру мулохизахои К. Станиславский, В. Немирович, Данченко, В. Менёрхольд, В. Комиссаржовская ва дигарон доир ба санъати актёри, режиссураи театр, имконият ва воситахон нави ифодаи санъати сахнави ва гайра дар ривочи илми Театршиносии совети хиссаи арзанда буд. Соли 1933 китоби «Таърихи театри совети» аз нашр баромад. Солхои 30—40 оид ба санъатн актёрию режиссёри ва дигар сохахои театр асархою монографияхои эиёд ба табъ расиданд. Дар инкишофи илми Театршиносии совети Н. Эфрос, В. Филиппов, Б. Альпера, А. Гвоздев, С. Мокульский, Г. Бояжнев, Б. Ростоцкий, К. Рудпицкин, Г. Гоян ва дигарон хиссаи калон гузоштанд. Театршиноси дар Точикистон солхои 40 пайдо шуда, дар солхои 50 ба илми мустакил табдил ёфт. Соли 1943 асари Г. Гоян «Театри зодаи Октябр» ба табъ расид. Ин асар доир ба таърихи пайдоиш, инкишоф ва бозёфтхои эчодии театри касбии точик сухани аввалинро гуфт. Асархои олим, мунаккид ва театршиноси точик профессор Н. Нурчонов — «Театри халкии точик» (ба забояи руси, М., 1956), «Драматургияи точик ва театр» (хамрохи Л. Н. Демидчик, ба забони руси, Д., 1967), «Таърихи театри советин точик» (1917—41, ба забони руси, Д., 1967), «Театри точик» (ба забони руси, М. 1968), бобхои «Театри точик» дар асари шашчилдаи «Таърихи театри драмаи совети (М., 1966—69), «Дар олами балет» (Д., 1975), «Ним асри пуршараф» (1980) ва гайра ба ташаккул ва инкишофи Театршиносии точик замина гардиданд. Инчунин маколахои илми, монография ва асархои театршиносон М. Шарофов, Л. Хасанова, М. Чурабекова ва дигарон ин ё он сохаи Театршиноси точикро мавриди тахкик карор додаанд. Дар омузиши таърих, назария ва масъалахои гуногуни Театршиносии точик махсусан ходимони сектори таърихи санъати Институти таърихи Академияи Фанхои РСС Точикистон сахми калон мегузоранд.