Маълумоти охирин

ТЕАТРИ ХАЛКИ

333

ТЕАТРИ ХАЛКИ 1) як навъ театри оммавист, ки дар байни халк маъмул буда, шаклхояш бо эчодиёти даханакии халк алокаи узви дорад. Унсурхои амалиёти драмави, дар раксу бози, суруд ва расму оинхои кадим барои пайдоиш ва инкишофи намудхои гуногуни театри халки замина гузоштаанд. Масалан, дар Юнони Кадим дар асрхои 6—5 то мелод аз идхои маросимии зироаткрри (иди дехконон ба шарафи худо Дионис) жанрхои фочиа ва мазхака ба вучуд омаданд. Бо мурури замон аз байни ичрокунандагони намоишхои гуногуни театри халки санъаткороне пайдо шуданд, ки онхоро дар Юнони Кадим мим, дар Россия скоморох, дар Европаи Гарби жонглёр, шпилман, дар Осиёи Миёна шуъбадабоз, масхарабоз ва гайра меномиданд. Хар як актёр якчанд ролро ичро мекард, киёфаашро ба воситаи грими одди (сиёхии дег, орд, пашми буз ва гайра) тагйир медод. Тамошо дар хонахон васеъ, саройхо ва бештар дар хавои кушод мегузашт. Азбаски намоиш дар байни издихом, дар шароити пурмагал чараён мегирифт, актёрон хангоми хунарнамои ба имову ишора ва харакот бештар ахамият мододанд, баланд гап мезаданд, кушиш мекарданд, ки характери офаридаистодаашонро тавассути муболига харчи боварибахш ифода намоянд. Онхо дар рафти намоиш тамошобинонро ба муколама мекашиданд. Актёрхои халки, ки аксар хату савод надоштанд, матни роли худро аз ичрокунандагони ботачриба ёд мегирифтанд. Бинобар ин хунарпеша асосан сценарияи асарро дар хотир нигох дошта матни онро хангоми бози бадехатан мегуфт. Актёрхои халки дар баромадашоп палтамима, акробатика, ракс, суруд, санъати цирк (чашмбанди, таклиди овози хайвону паррандахо), зочаро истифода мебурдаад. Бо мурури замон актёрони халки ба ду сохаи алохида хунарварони цирк ва зочабози (театри лухтак) чудо шуданд. Дар мамлакатхои Шарк намоишхои халкии раксу пантомила ва мусикидор аз кадим маъмуланд. Дар заминаи онхо театри анъанавии халкхои Осиё ташаккул ёфтааст (дар Индонезия-ваянг-топенг, дар Цейлон-калам, дар Хиндустон-катхакали ва гайра). Эчодиёти актёрхои халки бо зисту маишат ва орзуву омоли мардуми мехнаткаш зич алокаманд буд. Артистон дар баромадхои худ норозигии халк ва муборизаи онро бар зидди феодализм, дин, хама гуна чахолат ва ходисахои нангини зиндаги ифода мекарданд. Дар айни замон театри халки аз таъсири мафкураи табакаи хукмрон дур намондааст. Хокимон санъаткорони халкиро ба дарбори худ чалб карда, хунари онхоро хамчун воситаи дилхуши истифода мебурданд. Дар баъзе мамлакатхо дигар хам ба театри халки таъсир расондааст. Аммо актёрхои халки аксар дар намоишхои дини (чунончи, мистерия, фарс, карнавал) эламентхои реалистиро чори мекарданд. Анъанахои театри халки дар эчодиёти драматургхои бузурги чахон ва актёрхои мумтоз инкишоф ёфта, барои пайдоиши театри касби рох кушодааст. Тамошохои ба намоишхои театри монанди масхарабозон яке аз зухуроти санъати театри пешазинкилобин точикон мебошад. Театри халкии точик намудхои гуногун дошт: театри пантомима, театри зочабози, театри масхарабозон ва гайра.
2) Дар СССР бехтарин коллективхои театри хаваскоронро «театри халки» меноманд. Ин унвон ба дастахои хаваскорони пуртачрибаи дорои хайати эчодии устувор, ки барои дар сахна офаридани спектакл шароиту имконият (хонаи маданият, клуб) доранд ва аз ухдаи тартиб додани репертуар мебароянд, дода мешавад. Дар СССР нахустин театрхои халки соли 1959 таъсис ёфтаанд.
Дар Точикистон театрхои халки аз соли 1960 ин чониб инкишоф меёбанд. Дар Орчоникидзеобод, Хисор, Рушон, уротеппа, Гончи, Исфара,раёни Москва ва гайра театрхои халки амал мокунанд. Холо дар Точикистон 10 театри халки мавчуд аст.
Адабиёт: Авдеев А. Происхождение театри, Л., 1959; Нурджанов Н., Таджикский народныи театр, Москва, 1956; Народние тоатры, Москва, 1962. Й. Нурчонов.
ТЕАТРИ ЯК АКТЁР, як навъи санъати театрист, ки вокеият ва образхо дар заминаи хунарнамоии як актёр ифода мегардад. Дар Театри як актиёр нутки сахнави воситаи мухими образофари буда (дар шакли монолог, диалог, монологи ботини ва гайра), барои зикри афкори кахрамон, кушодаи характер ва психологияи он роли калон мебозад. Актёр баробарн нутки сахнави аз воситахои ифодан пластики, мимика, имою ишора, костюм, грим, никоб ва гайра низ истифода мебарад. Харчанд асари Театри як актиёр бо хамдастии режиссёр, рассоми ороишгар, охангсоз ва дигар ходимони театр офарида шавад хам, дар он симоп маркази ва тачассумкунандаи образ ва мазмуну мундарнчаи песа як актер ба шумор меравад. Дар сахнаи точик Артисти Халкии Точикистов М. Вохидов асосгузори Театри як актиёр мебошад. Вохидов мураттиб, режиссёр ва ичрокунандаи якчанд намоишхо, мисли «Гуфтугу бо худ» (дар асоси рубоиёти Умари Хайём, 1967), «Ватан ва фарзандон» (1968), «Ишки зиндаги» (дар асоси газалиёти Хофиз, 1971) мебошад.
Нигаред низ Театр.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …