Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / ТЕАТРИ ДРАМАИ МУСИКИИ УЗБЕКИИ раёни нов

ТЕАТРИ ДРАМАИ МУСИКИИ УЗБЕКИИ раёни нов

ТЕАТРИ ДРАМАИ МУСИКИИ УЗБЕКИИ раёни нов, соли 1934 дар заминаи дастаи хаваскорони санъат ташкил ёфт. Хунарпешагон ва режиссёрони аввалини он иштироккунандагони махфили театри буданд. Намоишномахои нахустини театр «Халима»-и Р. Зафари (1934), «Адола т»-и А. Икромов (1935), «Кори Умурзоков»-и Д. Дилбар (1937), «Худситони Г. Гелдиев, «Хаёти талх»-и Х. Хамза (1938) бому заффакия гузаштанд. Коллективи эчодии театр дар ин солхо ба асархои драматургони узбак ру оварда, як катор асархои мухимми замонавии онхоро тахлил намуд: «Лолахон» ва «Дар дарун»-и К. Яшин (1938), «Гулсара»-и К. Яшин ва М. Мухаммадов (1939), «Бой ва хизматгор» (1940), «Найрангхои Майсара»-и Х. Хамза ва гайра. Минбаъд театр ба драматургияи республикахои бародари ру овард. Дар сахнаи театр намоишномахои « Аршин-мол -олон» -и У. Хочибеков (1938), «Хучум»-и В. Ял, «Хосият»-и Е. Якубчонов ва Н. Зелеранский гузошта шуданд. Дар репертуари театр пьесахои драматургиши точик мавкеи калон доранд: «Дилхои чарохатнок»-и Х. Содик (1976), «Иллоанта»-и А. Атобоев (1976), «Халокати одат»-и М. Назаров (1978). Намоишномахои «Парвона» ва «Дом»-и М. Уйгун, «Нурхон»-и К. Яшин, «Олуфта»-и Ф. Мусочонов, «Тул»ной»-и А. Чамол ва Г. Чахонгир ва гйра чандин сол боз дар сахнаи театр мавкеи намоёнро ишгол мекунанд. Дар театр (1984) Артистони Хизматнишондодаи РСС Точикистон М. Пардаев, ва У. Сиддиков, хунарпешагони боистеъдод П. Элмуродов, Г. Рахимов, Б. Турдимуродов, 3. Хаитбоев, С. Чураева ва дигар кор мекунанд. Коллективи эчодии театр бо спектакл ва программахои концерти ба шахру раёнхои Точикистон ва Узбекистои сафархои хунари мекунад.

Адабиёт: Нурджанов Н. X., Истории таджикского советского театра, Душанбе, 1967.

Н. Исмоилов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …