Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХНОМАИ ХИРОТ»

«ТАЪРИХНОМАИ ХИРОТ»

«ТАЪРИХНОМАИ ХИРОТ» «Таърихи мулуки Курт», асари таърихии Сайфии Хирави ки дар байни солхои 1321— 29 таълиф шудааст. Аабаски кисми асосии асар ба таърихи хукмронии сулолаи Куртхои Хирот оид аст, онро «Таърихи мулуки Курт» низ меноманд. «Таърихномаи Хирот» бо супориши хокими Хирот Гиёсуддинн Курт (хукмрони 1308—29) таълиф шуда, вокеахои таърихиро то соли 1321 дар бар гирифтааст. Асар аз се кисм (138 боб) иборат аст. Кисми аввал (бобхои 1—2) ба таърихи асос ёфтани шахри Хирот, кисми дуюм (бобхои 3—20) ба таърихи Хирот дар ахди мугулхо (солхои 1221—44) оид аст. Муаллиф дар навиштани кисми дуюми асар аз сарчашмахои хатти, хуччатхои расми ва наклу ривоятхои хамзамононаш истифода бурдааст. Аз ин чихат кисми дуюми асар барои тахкики тохтутоз ва хукмронии мугулхо дар сарзамини Хуросон ахамияти калон дорад. Кисми сеюми «Т. Х.» (бобхои 21—138) таърихи хукмроншг Куртхоро (аз с. 1245 то 1320) дар бар мегирад. «Т. Х.» манбап мухгшест барои омузгапи хаёти сиё- сию иктисодии давлати Куртхои Хггрот ва таърихи ш. Хнрот. Холо 3 нусхаи дастпавнси «Таърихномаи Хирот» маълум аст. Як нусхаи дар китобхонаи Шуъбаи ленинградии Институти шаркшиносии Академияи Фанхом СССР, китобхонаи «Анчумани таърихи»-и Кобул ва китобхонаи шахри Калкаттаи Хиндустон махфуз аст. Соли 1944 профессор Мухаммад Зубайри Сиддмки «Таърихномаи Хирот»-ро аз руи дастнависи дар китобхонаи шахри Калкатта буда чоп кунонид.
Адабиёт: Мухторов А., Аз паи таърихи кухан, Душанбе. 1975. А. Мухторов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.