Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ ТАБАРИСТОН»

«ТАЪРИХИ ТАБАРИСТОН»

«ТАЪРИХИ ТАБАРИСТОН» асари муаррих ва адиби охири асри 12—аввали асри 13 форс-точик ИбииИсфандиёр аст, ки таърихи Табаристонро аз даврахои кадим то асри 13 дар бар мегирад. Китоб соли 1217 ба забони точики таълиф шудааст. «Таърихи Табаристон» аз 4 боб (кисмат) иборат аст. Боби 1 таърихи Табаристон, боби 2-юм таърихи Оли Буя, боби 3 сулолахои Газнавиёну Салчукиён, боби 4 таърихи Бовандихоро дар бар мегирад. Муаллиф аз сарчашмахои мухталифи таърихию адаби васеъ истифода намудааст. «Таърихи Табаристон» барои омухтани вокеахои таърихию адабии асрхои 12—13 сарчашмаи муътабар аст. Китоб соли 1941 дар Техрон чоп ва баъзе бобхояш ба забонхои франсави (соли 1894) ва англиси (соли 1905) тарчума шудааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.