Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ ШАЙХ УВАЙС»

«ТАЪРИХИ ШАЙХ УВАЙС»

«ТАЪРИХИ ШАИХ УВАЙС» асари таърихии Абубакри Кутби (нимаи якуми асри 14 дар Озарбойчони Эрон зиндаги кардааст), ки ба султони Чалопоиён Шайх Увайс (хукмрони 1355—74) бахшида шудааст. «Таърихи Шайх Увайс» аз 2 кисм иборат аст. Кисми аввал ба таърихи давраи тоисломи оид буда, аз 4 боб (Пешдодиён, Каёниён, Ашкониён ва Сосониён) иборат аст. Кисми дуюм таърихи давраи исломиро дар бар мегирад ва аз 5 боб (Мухаммад ва Хулафои Рошидин, Умавиён, Марвониён, Аббосиён ва Газнавиёну Салчукиён, Чингизиён) иборат аст. Муаллиф дар таълифи кисми якум аз «Таърихи Табари» ва «Шохнома»-и Фирдавси, дар кисми дуюм аз асари Рашидуддин «Чомеъ-ут-таворих» истифода кардааст. Як фасли асар ба вокеахои баъди соли 1304 бахшида шудааст. Муаллиф дар ин фасл ба таърихи Озарбойчони Эрон ва сулолаи Чалоириён бештар диккат додааст. Нусхахои дастнависи асар дар китобхонахои шахрхои Москва ва Ленинград махфузанд. А. Чалолов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.