Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ МУШРИФ»

«ТАЪРИХИ МУШРИФ»

«ТАЪРИХИ МУШРИФ» асари таърихии муаррихи точик (охири асри 19— аввали асри 20) Олимхоча ибни Мирзо Сайидхочаи Мушрифи Бухороист, ки такрибан солхои 1910—15 ба точики таълиф шудааст. «Таърихи Мушриф» аз ду кисм (китоб) иборат аст. Кисми 1 дорои 23 фасл буда, фасли 1 ба таърихи пайгамбарон, фаслхои 2— 3 ба таърихи Мухаммад пайгамбар, фасли 4 ба халифаи аввал, фаслхои 5—12 ба таърихи хукмронии сулолахои Умавиён, Аббосиён, Сомониён, Газнавиён, Салчукиён, Хоразмшохиён, Чингизиён, Темуриён, Шайбониён, Аштархониён ва аввалин хукмронони Мангития (аз чумла амир Дониёлби), фаслхои 13—17 ба таърихи хукмронии амирон Шохмурод (1785—1800), Хайдар (1800—26), Хусайн (1826), Насруллох (1827—60), Музаффар (1860—85), фасли 18 ба вазъияти Хоразм, фасли 19 ба таърихи мулки Дарвоз, фасли 20 ба таърихи амир Абдулахад (1885— 1910), фасли 21 ба таърихи Чанги русу япон, фасли 22 ба куштори суннию шиа дар Бухоро (1910), фасли 23 ба таърихи хукмронии амир Сайид Олимхон оиданд.

Кисмати 2-юми китоб аз хусуси Гуштосп, Зардушт, Доро, Искандари Макдуни ва донишмандони Юнон маълумоти муфассал медихад. Дар асар доир ба бисёр шахрхои Осиёи Миёна, муносибатхои он бо Россия муносибатхои Россияю Афгонистон дар замони хукмронии амир Абдулахад ва гайра маълумоти мухим чой дорад. Аз ин чихат «Таърихи Мушриф» барои омухтани вокеаю ходисахои гуногуни таърихи маъхази муфид мебошад. Забон ва услуби иншои асар нисбатан соддаю равон аст.

Адабиёт: Стори А., Персидская литература, ч. 1, Москва, 1972.         У, Тоиров.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.