Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ ЧАХОННАМО»

«ТАЪРИХИ ЧАХОННАМО»

«ТАЪРИХИ ЧАХОННАМО» ин асари муаррихи асри 19 точик Муллоибод Мухаммад ибни Рузимухаммади Аттор, ки аз аввали пайдоиши дунё то ибтидои хукмронии амири Бухоро — Музаффар (1860—75)-ро дар бар мегирад. Асар солхои 1867—68 ба забони точики таълиф шудааст. «Таърихи чахоннамо» аз 15 боб (кисм) иборат мебошад. Боби 1 ба таърихи пайгамбарон ва файласуфони Юнони Кадим, боби 2 ва 4 ба Мухаммад пайгамбар ва халифахои араб, боби 3 ба подшохони кадими эронзамин, бобхои 5—6 ба сулолахои Умавиён ва Аббосиён, боби 7 ба сулолахои хамзамони Аббосиён, боби 8 ба кабилахои турку мугул, боби 9 ба сулолахое, ки дар Осиёи Миёна ва Эрон баъди мугулхо хукмрони кардаанд (Темуриён, Шайбониён, Сафавиён), боби 10 ба мулки Хинд, боби 11 ба вокеахои таърихии Осиёи Миёна ва мамлакатхои дигар (ин боб кариб пурра аз «Таърихи Сайнд Роким» рунавис шудааст), бобхои 12—13 ба таърихи Аштархониёну Нодиршох, бобхои 14—15 ба«Мангитияи Бухоро ва Темуриёни Хинд ва гузаштагони онхо бахшида шудванд. Муаллиф бидуни мушохидахои шахси, аз бисёр асархои таърихи низ истифода бурдааст. «Таърихи чахоннамо» барои омухтани вокеахои умумии олам, хусусан замони муаллифи китоб маъхази муътабаре мобошад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.