Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ ЧАХОНКУШО»

«ТАЪРИХИ ЧАХОНКУШО»

«ТАЪРИХИ ЧАХОНКУШО» асари муаррихи асри 13 форс- точик Алоуддин Атомалики Чувайни, ки соли 1260 ба забони точики таълиф гардидааст «Таърихи чахонкушо» аз мукаддима ва се боб иборат буда, вокеа ва ходисахои давраи мугулро аз замони шухрат ёфтани Чингизхон то хучуми Халокухон ба мукобили Исмоилиён (1257) дар бар мегирад.
Чилди аввал ба расму оини кадимии мугулхо, забткорихои Чингизхон, чилди дуюм ба таърихи Хоразмшохиён, Гуриён, чилди сеюм ба хукмронии Мангитиён тафсири салтанату харакати Халоку ба Багдод оид аст.
Муаллиф дар «Таърихи чахонкушо» вокеа ва ходисахои дида ва шунидаашро шарх додааст. Сабаби бисёр фитнаю шикастхоро зикр намуда, фатхномахоро айнан меорад, дар хусуси мазхабу оинхо бахс мекунад. Муаллиф ба накли вокеаю ходисахо махдуд нашуда, ба забонхои точики ва араби хикоёти латифу дилкаш, мисолхои зиёди насрию назми меорад. Забон ва сабки «Таърихи чахонкушо» нисбатан соддаю равон буда, барои омухтани таърихи салтанати мугулхо дар Осиёи Миёна ва донистани бисёр вокеахои хаёти адаби сарчашмаи хуб ба шумор меравад.
«Таърихи чахонкушо» солхои 1912—37 дар Лондон, 1958 дар Техрон нашр ва ба забонхои англиси, турки ва бисёр порчахои он ба руси тарчума шудааст. Нусхахои алохидаи он дар китобхонахои Ленинград, Тошкент, аз чумла дар Захираи дастнависхои шаркии Академияи Фанхои РСС Точикистон тахти раками 41 махфуз аст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.