«ТАЪРИХИ ЯЪКУБИ» асари муаррих ва чугрофидони араб Яъкуби, ки солхои 70 асри 9 таълиф шудааст. «Таърихи Ямини» хулосаи вокеахои чахонро (аз офариниши олам то соли 872) дар бар гирифтааст. Асар аз ду кисм иборат буда, кисми аввал ба давраи тоисломи ва кисми дуюм ба давраи исломи оид аст. Муаллиф вокеахоро ба таври хронологи овардааст. Дар кисми аввали «Таърихи Яъкуби» баъди тасвири офариниши оламу одам ва пайгамбарон, таърихи кадимаи эрониён, арабхо, ошурихо, бобулиён, хиндухо, юнониён, римихо, мисриён, барбархо, хабашхо, зангихо, туркхо ва хитоихо накл ёфтааст. Дар кисми дуюми асар вокеахои солхои хукмронии халифахои араб тасвир ёфтаанд. Яъкуби аз сарчашмахои бешумор ба таври танкиди истифода кардааст. «Таърихи Яъкуби» барои омузиши таърихи асрхои миёнаи мамлакатхои Шарк, аз чумла Осиси Миёда ахамияти калон дорад.
Г. Гоибов.
Инчунин кобед
САГИР
САГИР, нигаред, Сугур.