Маълумоти охирин

ТАВИЛА

ТАВИЛА, 1) саисхона, аспхона, огил, биноест барои нигохубини асп. Дар тавилаи аспхои зоти нарёи, модиён (байтал) ва тойчаро нигох медоранд. Аспхои зотиро алохида алохида, тойчахоро гурух-гурух нитохубин мекунанд. Андозаи стандартии кодокхо барои нарён, модиёну тойчахо дар транйиг 3,5X3,5 м аст. Дар тавила барои баста нигох доштани аспхои кори, модиёну тойчахо говхо месозанд, ки андозаи стандартии онхо барои аспхои зоти калончусса 1,75X3 м ва хушчусса 1,6×2,85 м мешавад.

tavila
Одатан аз руи план кодокхо, говхо ва чойхои умумии аспхо дар тавила дукатора сохта шуда, ба дарозии бино рохрави асосие хаст. Кодокхо ва чойхои умумии тавила бо охуру обхурахо тачхизонида мешаванд. Тавила бояд чойхои ёрирасон: манеж (80—90 м2), кохдон (10—12 м2), чои асбобу анчом (6—12 м2) ва абзолгузори (10— 12 м2), хонаи навбатдори, чой барои резервуари об (хангоми набудани гулбахои обгузар), хона барои апробасияи нутфаи нарён (хангоми набудани пункти бордоркунии сунъи) дошта бошад. Тавиларо барои 40 (аспи зоти ва кори) ва 100 сар асо (галак асп) месозанд; 2) ресмони дарозеро гуянд, ки бо он пои чанд аспро ба хам банданд; 3) ресмони дурру гавхар ва шаддаи марворидро гуянд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.