ТАВХИДИ Абухайён Али ибни Мухаммад ибни Аббоси Шерози (923—такрибан 1010) файласуф, факех, адиб ва мутафаккири мутасаввиф. Дар сарчашмахо Мухаммад ибни Аббоси Нишопури низ ном бурдаанд. Тавхиди шогирд ва дусти Абдсулаймони Мантикист. Маълумоти ибтидоиро дар Багдод гирифта, кисми зиёди умри худро дар он чо гузаронид. Дар мухимтария осори Тавхиди, ки то имруз ба мо расидааст («Ассадока ва-с-саид», «Алитмоъ в-ал-муораса», «Ишорот-ул-илохия», «Аззулфа», «Мукобисот», «Такриз-ул-Чохиз», «Салб-ул-вазифайн» ва гайра), чахонбинии Тавхиди, аз чумла назари у ба масъалахои гуногуни фалсафаю ахлок баён шудааст. Асархои ёдшудаи Тавхиди манбаи омузиши чахонбинии мутафаккирояи асрхои миёна мебошад, зеро дар онхо зимни тахлили масъалахои фалсафию ахлоки назари дигар мутафаккирони асрхои миёнаи Шарк ба тарики намуна оварда шудааст. И. Саидов.