ТАСВИРИ ОПТИКИ, тасвирест, ки дар натичаи ба системаи оптики афтидани нурхои афкандаи объект ё аз он аксшуда хосил мегардад.
Истифодаи тасвири оптики одатан ба тагйири микёси тасвири предметхо ва гузаронидани накшаи онхо ба ягон сатх (экран, фотонавор, фотокатод ва гайра) алокаманд аст. Одам чизеро аз он сабаб мебинад, ки накшаи он дар пардаи шабакияи чашм акс меёбад.
Тасвири оптики хакики ва мавхум мешавад. Тасвири оптикии хакикиро дастаи нурхое хосил мекунад, ки дар як нукта чамъ мешаванд. Дар хамкории буриши нурхо экран ё худ фотонаворро гузошта, дар он тасвири оптики хакикиро мушохида кардан мумкин аст. Дар дигар мавридхо нурхои аз системаи оптики бароянда пароканда мешаванд, аммо агар онхоро хаёлан ба тарафи мукобил давом дихем, нурхо хамдигарро дар ин нукта мебуранд. Ин нуктаро тасвири мавхуми нукта (объект) меноманд; он ба нуктаи буриши вокеии нурхо мувофик намеояд, бинобар ин тасвири оптикии мавхумро дар экран ё худ фотонавор хосил кардан ва ба кайд гирифтан имконнопазир аст.
Ба сифати тасвири оптики аз руи таксимоти зичии энергияи рушнои дар тасвир бахо медиханд. Барои ин контраст (Н) ном бузургиро истифода мебаранд:
R=
дар ин чо Еmin ва Еmах — киматхои хурдтарин ва калонтарини мунаввари дар тасвири оптикии объекти озмуни стандарти; ба сифати чунин объект панчараеро кабул мекунанд, ки дурахшонии он аз руи конуни синусоида бо басомади R тагйир меёбад.
Инчунин кобед
САРМАШК
САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …