Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАРЗИ Махмуд

ТАРЗИ Махмуд

ТАРЗИ Махмуд (1868, Газна—1934, Истанбул), нависандаи маорифпарвари афгон, ходими давлати. Дар давраи Амонуллоххон (1919—29), Тарзи вазири корхои хоричи таъин шуд ва барои мустахкам намудани равобити дустии халкхои Афгонистону СССР хисса гузошт. Тарзи муаллифи асархои «Равзан хикам» (1912), «Аз хар дахан сухане ва аз хар чаман сумане», «Саёхатномаи се китъаи руи замин дар 29 руз» (1914), «Пароканда ашъор», «Адаб дар фан» (1915), «Чугрофияи манзуми Афгонистон», «Фалсафаи ватан» (1917) ва гайра мебошад. Тарзи бори аввал дар таърихи Афгонистон масъалаи тахсили занонро ба миён гузошт. Осори Тарзи ба демократи шудани назму насри афгон ёри расонд. С. Айни хикояи «Кирмаку парвона»-и Тарзиро соли 1917 ба риштаи назм кашида буд. Шеърхои у дар матбуоти Точикистон ба табъ расидаанд.
С. Мирзоев.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.