Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТАРМЕВА

ТАРМЕВА

ТАРМЕВА, мевахои тару хурданбоби рустанихои кишта ва худруйро гуянд. Тармева тухмдор (себ, нок, бихи), донакдор (зардолу, олу, гелос, олуболу, шафтолу ва гайра), цитруси (афлесун, лиму, норанч, грейпфрут ва гайра), субтропикию тропики (анчир, анор, нагзак (манго), ананас, муз (банан), авокадо) ва гучуммевадор (кот, марминчон, бектоши, ангур, ва гайра) мешавад. Тармеваро хочагихое, ки ба богдори маш- гуланд, истехсол мекунанд. Самараи зироатхои полизи (харбуза, тарбуз, бодиринг) низ тармева аст. Тармева чун гизои инсон ахамияти калон дорад. Таъми хуш ва кимати биологии Тармева ба микдори моддахои судбахши таркибашош вобаста аст.

meva
Дар Тармева витамин бисёр аст: кислотаи аскорбин (витамини С), витамини Р, каротин (провитамини А). Дар Тармеваи цитруси 50—90 мг% витаминхо чамъ мешаванд; хусусияти хуби онхост, ки микдори аввалаи витаминро муддати дуру дароз нигох медоранд. Дар шохтути замини, тамашк ва гайра витамини С бисёр аст. Калориянокии 100 г Тармева ба хисоби миёна 50—70 ккал (1 ккал 4,19 кЧ) аст. Мувофики таъиноти Институти тагзияи назди Академияи Илмхои Точикистон СССР, хар шахс бояд соле 106 кг меваи тар истеъмол кунад. Дар чахон соле зиёда аз 213276 (аз он чумла ангур 63069) хазор тонна ва дар СССР бештар аз 12441 (ангур 4760) хазор тонна тармева мегундоранд.
Моддахое, ки аз онхо Тармева таркиб ёфтааст, барои хазми хурок ва метаболизм ёри мерасонанд. Кислотахои органикии Тармева кори руда ва гадудхои зери меъдаро метезонанд. Махсусан моддахои даббогии танин ва катехинхои Тармева таъсири хуби биологй доранд. Нок, бихи, кизил ва гайра сервитаминанд. Тармеваро хамчун омили табобат (масалан сиёхкот, тамашк, ангат) ва дар хурокихои пархези хам истифода мебаранд.
Бисёр навъхои тармеваро дар яхдонхо муддати дароз тару тоза нигох доштан мумкин аст. Махсусан себ, нок, мевахои ситруси, ангур дер мепоянд. Тармеваи хушконида, консервонида (мурабо, компот ва гайра) ва ях кунонида хам истеъмол мекунанд.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …