ТАРКИШИ БУЗУРГ, аз мафхумхои асосии косамологияи релятивист, ки сарогози тахаввули материяи кайхониро ифода мекунад; дар ибтидои солхои 30 хамроха ба баррасии чихати космогонии модели релятивистии Коинот ташакул ёфтааст (Ж. Леметр, солхои 1027—31). Бино ба амсилаи космогонии Леметр, Коинот аз се зинаи тахаввул гузаштааст. Аввал материяи кайхони, ки аз азал дар як холати аз хад зич ва мувозинати динамики буд (Коиноти дар ин холати фавкуллодаи физики бударо Леметр образнок карда «тухми кайхони» ном додааст), бо сабаби номаълуми физики ба чунбиш омада сахт метаркад ва бо суръати бузург ба чор тараф пош мехурад. Сони суръати харакати порахои он «тухми кайхони» суст ва харораташон паст шуда барои ташаккули чирмхои фалаки шароити мусоиди физикию ХИМИЯВИ фаро мерасад; моддаи парокандаи кайхони аз таъсири кувваи чозиба чо-чо гун шуда охиран ба галактикахо ва тарокумхои онхо табдил меёбад. Ннхоят, вазъияте ба вучуд меояд, ки алхол мушохида мешавад: галактикахо ва системахои онхо бо шаст аз хам дур мешаванд, ки аз он «лагзиши сурх» ном падидан астрономи дарак медихад.
Дар арзи панчох соли охир накшаи космогонии Леметр аз чанд чихат мавриди ислоху инкишоф карор гирифт ва низ бо чузъиёти навифизикию астрошоми рангинтар шуд.
Аз руи пешбишии назарияи нисбияти Эйнштейн, кабл аз таркиш модда дар гояти зичи (берун аз хама гуна меъёру андозаи физики) буд. Лекин дар физика хар як бузурие, ки кимати ададиаш аз хад гузашт, яъне ба беинтихои расид, аз маъниву мазмуни физики низ холи мешавад (математикаро, баръакс, илми беинтихои хондан мумкин аст). Аз ин чихат физикони муосир хамачихата мекушанд, ки ба сиришти физикии он холати фавкулзичи материяи кайхоши сарфахм бираванд. Нигаред низ Космогония, Сингуларият. А. Турсунов.