Маълумоти охирин

ТАРКАШ

ТАРКАШ, тиркаш, тирдон, чаъба, гилоф ё куттиест, ки аз чарм, чуб, пустлох, матоъ ва филизот сохта, дар он тирхои камонро нигох доранд. Таркаш хамчун чузъи хатмии аслихаи чанги эхтимол дар давраи неолит (хазорахои 12—10 то мелод) ба вучуд омада бошад. Намудхои гуногуни Таркашхои даврахои алохидаи таърихиро аз руи осори санъати тасвири ва материалхои археологи муайян мекунанд. Яке аз кадимтарин шаклхои Таркаш тирдони скифхо буд. Масалан дар яке аз осори санъати тасвири ду нафар скиф тасвир шуда, ки хар яке дар пахлуи рост Таркаш дорад.

tarkash

Тахтачахои тиллоии мусавварадоре ёфт шуданд, ки скифхо одатан барои ороиши руи Таркаш истифода мебурданд. Таркашхои давраи атика аз руи тасвироти графикии Дура-Эвропос (Ирок), Фирузобод (Эрон), бозёфтхои пуштахои сарматхо вагайра муайян гардиданд. Таркаши чармини скифхои Олтой халтаи дарозу танге (дарозиаш 70—80 см, бараш 10— 15 см) буда, сарпуши мулоим доштааст. Дар ин таркаш то 10 тир чой мегирифт. Онро ба камарбанд бо халка ё чантак илхок мекарданд. Таркаши сарматхо 70—80 см, аз они сугдиён то 1 м 1дарози дошг. Таркашро одатан аз пахлуи чап меовехтанд. Гилофи камон ва таркашхое, ки поёнашон каме тангтаранд, дар мусавварахои Панчакенти Кадим дучор меоянд.
Таркаши аскарони мугул (дарозиаш 60—70 ) аз пустлох ё чарм буда, сарпуши чубин дошт. Дар Россия чанговарон хилофи камонро дар миёнбанд аз чап, Таркашро бошад, аз кафо дар тарафи рост мебастанд. Асрхои 16—17 Таркаши аскарони рус, ки колчан ном дошт, дорои чор хонача буд. Дар сетоаш сулица (найзаи кутох), дар чорумаш корди дароз мегузоштанд. Таркаш баъди чори шудани яроки оташфишон хамчун аслихаи чанги аз байн рафт. Холо дар камонвари варзишгарон Таркашро барои нигох доштани тири камон истифода мебаранд. В. А. Ранов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.