ТАРХОН 1) Номи яке аз сарлашкарони подшохи Турон дар «Шохнома». 2) Дар асрхои миёна дар байни халкхои турк, масалан, хоконии Хазар (асрхои 9—10) номи феодал. 3) Дар хонихои туркии Осиёи Миёна, Закавказия, Казон, Аштархон ва Крим касест, ки хукумат уро барои ягон хизматаш аз андоз, гирифтугир ва харгуна гунох озод мекард. Ба чунин шахсон иноятномаи махсус (Номаи тархони) дода мешуд. Тархон чун коидаву конуни феодали дар охири асри 15 хусусан ахди намояндагони охирини Темуриён маъмул гардид. 4) Дар Россия як навъ хуччати имтиёздор (асрхои 12—17). Тархон кардан маънои бахшидани гунохи касеро дошт. Тархонхо дорои заминхои зиёд буда, дар хаёти сиёсии мамлакат макоми баланд доштанд. А. Ягони,