ТАРБИЯ (араби — парвариш, таълим, омухтан), чараёни таъсири бомарому пайгирона ба инкишофи чисмонию маънавиро гуянд, ки иштироки фаъоли шахсро дар корхои чамъияти, истехсоли ва мадани таъмин менамояд. Бо таълим ва илму маърифат робитаи узви дорад. Максаду маром, мохияту мазмун ва ташкили тарбияро муносибатхои чамъиятии хукмрон муайян мекунанд. Аз ин ру, дар чамъиятхои синфию антагонисти тарбия ба манфиати синфхои истисморкунанда хизмат мекунад. Он дар давраи феодализм бештар хусусияти табакави дошт. Дар чамъияти буржуази хусусияти мазкур бо манфиатхои синфи омехта шуда, рухи моликияти хусуси ва чохпарасти дар чараёни тарбия ба амикшавии мухолифатхои синфи мусоидат мекард. Дар ин давра, бо ибораи В. И. Ленин, дар мактабхо фарзандони коргару дехконро аз тарбия дида «ба манфиати худи хамон буржуазия руяки меомухтаяд…, барои буржуазия хизматгорони лоик» тайёр мекарданд (Асархо, чилди 31, сахифаи 295).
Дар чамъияти сосиалисти тарбия ба инкишофи хамачонибаи шахс — бинокори чамъияти коммунисти равона шудааст. Тарбия фаъолияти муташаккили оилаю мактаб ва дигар ташкилотхои чамъияти ва маданию маърифатиро дар бар мегирад. Аз чихати танкиди аз худ намудани мероси илмии гузашта, дар рухи мехнатдусти ва нормахои ахлоки бинокорони коммунизм тарбия намудани навчавону чавонон вазифаи асосии тарбияи чамъияти сосиалисти мебошад, ки бо усулхои гуногун ба амал бароварда мешавад. Нигаред низ Тарбияи коммунисти.