Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАРБИЯИ АТФОЛ»

«ТАРБИЯИ АТФОЛ»

«ТАРБИЯИ АТФОЛ», чамъияти махимест, ки 1 декабри 1910 дар Бухоро ташкил гардида буд. Муассисони он муаллимон Мухимуддинбек, Абдулазиз, Содик писари Ашур, С. Айни, А. Мунзим ва дигарон буданд. С. Айнй вазифаи аввалини «Тарбияи атфол»-ро аз ташвикот иборат медонист. У се моддаи асосни низомномаи «Тарбияи атфол-ро шарх дода, менависад, ки ин чамъият дар байни омма илму маорифро ташвик мекард ва ба толибилмон мадад мерасонд; дар байни халк адабиёт, газета ва мачмуахоро пахн менамуд; хар як аъзои чамъият бо ду-се газета ва мачмуа ва як-ду китоби адаби, ахлоки сафар карда, онхоро дар хар чои муносиб дар байни халк мехонд; ба рагбатмандон ба таври маччони адабиёти навро интишор менамуд ва шахсони чидию самимиро ба газетаву мачмуахо обуна мекунонд; бархам додани исрофкори ва одатхои бад (базму туйхо, худоихо, бузкашихо), ба халки захматкаш, ба шахсони факиру маъюб ёри расониданро ба миён мегузошт; бар зидди хукумати амир ташвикот мебурд, бо далелхои аклию накли харакатхои золимонаи амир, вазир, кози, хокимон ва фатвохои нобачои муллохои чохилро нишон медод. Ба воситаи чунин ташвикот аъэоёни «Тарбияи атфол» то андозае дар аморати Бухоро ва кишвари Туркистон нуфузи сиёси пайдо карданд.
Чамъият баъзе толибилмонро барои тахсил ба Истанбул, Казон, Крим, Туркия мефиристод.
Чамъияти «Тарбияи атфол» хам дар Бухоро ва хам дар Истанбул бо номи «Чамъияти таъмими маорифи Бухоро» шуъбахои расми ва легали дошт, ки онхо дар рохи таъмими маориф ва ташкили мактабхои чадид дар Бухоро ва Туркистон корхои мухимро ба чо меоварданд. С. Табаров.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.