Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТАРАТЕЗАК

ТАРАТЕЗАК

ТАРАТЕЗАК, тартезак, хурф, суффо (Lepidium satium), гиёхи яксолаест аз оилаи чиликгулхо; як навъ сабзавотест, ки таъми тунд дорад. Пояаш рост, 30—60 ом кад мекашад. Баргаш пармонанд, гулаш майда, сафед, бунафш ё гулоби, гилофакаш гирда ё байзашакл, тухмаш майдаи чигари ё сурхтоб. Таратезак аз тезрастарин сабзавот аст. Тухми онро аввали бахор мекоранд. Меъёри кишти тухми —8 кг/га. Баъди 2— 5 руз сабзида мебарояд.

taratezak

Барги онро баъд аз 1—1,5 хафтаи сабзиш мегундоранд.. Дар хар 10—15 руз таратезакро такроран кишт мекунанд. Таратезак зироати обталаб аст. Дар СССР (Закавказия, Осиёи Миёна) асосан навъхои «Грибовский», «Золотисто-желтый» ва гайраро мекоранд. Аз хар га 5—70 с хосил мегундоранд. Барги тару тозаи таратезакро чун хуриш истифода мебаранд. Ба таом моандозанд. Таратезак аз кадимулайём маълум аст. Онро юнонихои кадим (асри 4 то мелод) кишт мекардаанд. Диоскорид, Чолинус, Беруни ва Абуали Сино таратезакро чун сабзавоти шифобахш ном бурдаанд. Масалан, Абуали Сино таратезакро барои асаб, шуш, чигар, испурч муфид дониста, дар табобати зикинафас низ ба кор мебурд. Барги таратезак сергизост. Серсафедаву сервитамин (то 165 мг% витамини С ва то 3,8 мг% каротин дорад) буда, дар он йод ва намакхои Са, К ва Ге бисёр аст. Тухмаш 50—60% равган дорад, ки дар собунпази истифода мобаранд.
М. Хочиматов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …