Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАРАФА Амр ибни Абд

ТАРАФА Амр ибни Абд

ТАРАФА Амр ибни Абд (543, Бахрайн—569, хамон чо), шоири араб. Кабилаи худро тарк карда, ба хидмати хукмрони шахри Хира Амр ибни Хинд дохил гардид. Барои хачвияи сахте, ки дар хакки ин хоким гуфта буд, ба катл расонида шуд. Аз Тарафа девони ашъор иборат аз 658 байт боки мондааст. Ду касидаи Тарафа хеле машхур аст: яке касидаи «роия» (яъне кофияаш бар харфи «ро») ва дигар касидаи «долия», ки ба «Муаллакот» дохил карда шудааст. Муаллакаи Тарафа 104 байт буда, дар бахри тавил гуфта шудааст. Он мувофики анъанаи касидасароии давраи чохилияи араб аз кисматхои тагаззул, васф, гурез ва дуову талаб иборат аст. Девони Тарафа ду шарх (асрхои 9, 11), ду табъ (солхои 1870, 1900) дорад; ба забонхои франсави ва кисман ба лотини тарчума шудааст. М. Умаров.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.