Маълумоти охирин

ТАНУР

ТАНУР, кураест барои нонпази. Танур аз кадимулайём дар Осиёи Миёна маъмул аст. Барои сохтани танур пеш аз хама хоки зард, пашм ё кохро даромехта, бо об лой тайёр мекунанд. Баъд ба лой намакоб пошида, болояшро бо матое мепушанд ва муддате дам медиханд. Сипас онро бо пой шатта зада «мепазонанд». Баъд лойро порча-порча (бараш 20—30 см, гафсиаш 8—10 см) буррида, бо тавонча ва гундак ба якдигар часпонида, танур месозанд.

tanur

Баланди ва андозаи танур гуногун мешавад. Барои рузгор бештар танури вусъаташ 60—70 смро ба кор мебаранд. Танури нонвойхона ё маъракахо калонтар машавад. Барои оташбардор шудани танур ба даруну берунаш намакоб мепошанд. Лаби танурро бо талонча задада-зада андаке гафстар мекуналд. Баъд танурро хушконда, дар чои таъиншуда мешинонанд. Онро бар болои суфачаи махсуси баландиаш 1— 1,20 м мегузоранд.
Дар нохияхон чануби Точикистон бошад, танури замини маъмул аст. Барои сохтани чунин танур заминро конусшакл кофта, деворхои онро бо лои махсус андова ва устувор мегардонанд. Дар ибтидо чунин оташдони шабехи танурро дар дохили хона ба таври амуди месохтанд ва он хамчун отащдон низ хизмат мекард. Дар болои ин танур дег гузошта хурок, дар деворахои тафсиааш нон мепухтанд ва он дар айни замон хонаро гарм мекард. А. Давивов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.