Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАНАЗЗУЛ

ТАНАЗЗУЛ

ТАНАЗЗУЛ, регресс, дар табиати зинда, як чихати чудонашавандаи тахаввул ва самти махсуси онро гуянд. Вобаста ба дарачаи ташаккули мавчудоти зиндае, ки дар таназзул аст, ин чараён барои тахаввул ахамияти гуногун дорад. Кам шудани шумораи фардхоро дар доираи намуд ё ягон гурухи дигар, камшавии ареали онхо, зергуруххо ва гайраро А. Н. Сверсов таназзули биологи номидааст. Чунин таназзул ба махв гардидани гуруххо ё ба шаклхри реликтики камёфт табдил ёфтани организмхо сабаб шуда метавонад. Дар табиат таназзули биологии як гурух, ки кобилияти ракобатиашон нисбатан кам аст, аксар боиси инкишофи гуруххои дигар мегардад. Хангоми таназзули морфологию физиологи узвхои алохида ва системаи узвхои кобилияти мутобикатиашотаро гум карда кисман ё пурра тахфиф мешаванд. Дар натичаи ин навъ таназзул организм ба аломат ё узвхои дар шароити нави зиндаги нодаркор ва хатто зарарнок тихи мегардад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.