Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / ТАХТИ СУЛАЙМОН

ТАХТИ СУЛАЙМОН

ТАХТИ СУЛАЙМОН, мачмуи маъбадхо ва касрхои мансуб ба асрхои 2 то м.—14 м., ки 1,5 км дуртар аз дехаи Нусратободи Озарбойчони Эрон вокеъ аст. Хайати муштараки хаффории илмии бостоншиносии Эрон ва РФГ омухтааст. Тахти Сулаймон калонтарин маркази динии шоханшохии Эрон ва як кисми шахри Шизи Озарбойчони Эрон то замони хукмронии Сосониен будааст. Дар Тахти Сулаймон бузургтарин оташкадаи Эрон — Озаргушасп (Озаргушасп) чой гирифта буд.

taxti-s
Тахти Сулаймон дар болои теппаи баландиаш 20 м бино ёфтааст. Сатхи Тахти Сулаймон байзашакл буда, арзаш аз шарк ва гарб 300 м ва тулаш аз шимол ба чануб 400 м аст. Деворхои гафси атрофи Тахти Сулаймон аз сангу гач ва омехтаи охаку хокистар ба баландии зиёда аз 7,5 м сохта шудаанд. Деворхо 38 бурчи мудаввар доранд, фосилаи байни онхо такрибан 25 м аст, бурчхо зинати ва миёнпуранд. Руи девору бурчхо бо сангхо зинат ёфтааст. Тахти Сулаймон аз Шимол ва Чануб ду дарвозаи наълшакл дорад. Сохтмони деворхо такрибан дар замони сюртихо шуруъ шуда, дар ахди Сосониён ба охир расидааст ва то замони мугул вучуд дошт. Дар миёнаи Тахти Сулаймон куле хаст, ки оби он минералист.
Оташкадахои замони Сосониён аз руи дарача ва ахамияти худ аз инхо иборат буданд: 1) Оташкадаи Озарфарибаг, ки дар Кориёни Форс вокеъ буда, ба мубадон тааллук дошт. 2) Оташкадаи Озармехрбарзин, ки дар шарки Эрон вокеъ буда, аз они кашоварзон хисоб мешуд. 3) Оташкадаи Озаргушнасп, ки мухимтарин оташкада буда, дар Шиз (ё Ганзак) вокеъ буд ва ба подшохону лашкариён тааллук дошт. Ибодат намудан дар ин се оташкада аз кадим дар байни зардуштиён расм будааст. Оташкадахои Озармехрбарзин ва Озаргушнасп дар замони Ашкониён низ фурузон буданд. Шохони сосони хангоми вокеахои хуш ё нохуш (точгузори, кахти, хушксоли) ба зиёрати оташкадаи Озаргушнасп меомаданд ва хангоми вукуи чанг онро зиёрат карда, пас аз додани назрхо ба оташкада, аз хамон чо ба майдони чанг мерафтаанд. То замони хукмронии Ардашери I оташи Тахти Сулаймон дар фазои кушод фурузон буд, харчанд, ки мувофики шариати зардуштиён шуълаи офтоб набояд ба оташ метофт. Танхо дар ахди Шопури I ба сохтмони оташкадаи шакли чахортокй шуруъ намудаанд. Бино ба ахбори Ёкути Хамави ин оташкадаи бузургтарин хамеша фурузон буда, дар он гази табии истифода мешудааст.
Тарх ва накши оташкадан Озаргушнасп асосан мувофики анъанахои маъбадсозии зардуштиён сохта шуда, «мураббаъ ва гумбадшакл будааст. Гумбад ва деворхои атрофи он аз хиштхои 30X8 см сохта шудааст. Истифодаи синчхои чуби дар магзи девор барои мустахкамии бино яке аз хусусиятхои санъати меъмории махалли буд. Дар оташкада аз хашт кабат хишт фарш сохтаанд. Толори марказии оташгох хишти буда, девору гумбади азимаш гачкори шудааст ва бино ба маълумоти муаррихон дар деворхояш тасвироти зебои сахнахои шикори подшохон ва маросими точгузории онхо бо обу ранги бадеи эчод шудаанд. Оташкадаи Тахти Сулаймон хангоми лашкаркашии румиён бар зидди Хусрави Парвиз соли 624 мелоди хароб шудааст, дертар онро аз нав сохтанд ва минбаъд дар натичаи истилои араб тадричан вайрон шуд.
Дар пеши оташкада айвони бузурге хаст, ки гуё онро Хусрав сохтааст.
Дар самти шаркии оташкадаи асоси хонаи салибшакле хафр шуд, ки дар миёначои он хавзчаи мураббаи 3X3 м карор гирифта, дар хар гушаи он яктои пояи чахорсутун вучуд дорад. Агар оташи оташкадаи асосии Тахти Сулаймон оташи шахриёрон ва мубадон бошад, дар оташдони беруна оташи лашкариён фурузон буд. Тахмин меравад, ки хонаи салибшакл чои хифзи хазина ва назру ниёзи мутааллики маъбад будааст.
Оташкадаи асоси аз се тараф бо айвон ихота шудааст, ки он бо 15 катор сутунхои санги (фосилаи байнашон 2,5 м) оро ёфтааст ва базиликахои румиро ба ёд меорад. Дар байни оташкадаи Озаргуштасп ва айвони Хусрав касри Хусрав чой гирифтааст. Ин каср аз дигар бинохои сосони 4 м баландтар чой гирифта, аксаш дар оби хавзчаи Тахти Сулаймон мунъакис мегардад. Касри Хусрав, ки соли 624 аз тарафи арабхо хароб шуда буд, дар замони мугулхо аз нав бунёд гардида, бо накши зебо кошикори шудааст. Дар кошихо тасвири аждахо, гавазн, оху, гулхои зебо мавчуданд. Дар ин чо микдори зиёди гачи кандакории давраи мугул низ ба даст омад.
Дар кисми шимолу шаркии оташкадаи Тахти Сулаймон маъбади Анахито кашф шудааст. Маркази он як толори мураббаъ аст, ки 8 сутуни чоркунча дорад ва дархои токпуш ба онхо такя мекунанд. Дархо аз 4 тараф ба долонхои атрофи толори маркази рох мекушоянд.
Дар ахди мугулхо дар чахор тарафи хавзча касрхо сохта шудаанд, ки машхуртарини онхо касри хусусии Обокохон буд, ки майдони 100 м2-ро ишгол кардааст. Ин касрхои бохашамат бо сангхои наккошишуда, кошихо ва кандакории руи гач оро ёфтаанд. Дар пеши хар як каср силсилаи равокхо мавчуд аст. Пас аз ахди Обокохон касрхо вайрон шуда, пас аз даври мугулхо ба хароба табдил ёфтаанд.
Дар Тахти Сулаймон гайр аз теъдоди зиёди зарфхои сафолии сирдору бесир, асбоби рузгор, накши мухрхо ёфт шуданд, ки дар онхо аспи болдор, тагал, малах, каждум, анкабуд, мор ва дигар хайвоноту паррандагон тасвир ёфтаанд. Дар аксари накши мухрхо шохон тасвир шудаанд, ки ба тасвири руи сиккахо монанданд, аммо дар накши мухрхо тасвири онхо возехтар ва калонтаранд. Дар атрофи баъзе аз ин осори мухр ба хати пахлави катибахо вучуд доранд.
Хафриёти Тахти Сулаймон дар бораи тараккиёти сабкхои меъмории даврам тулони, таърихи дину мазхаб, маданият ва санъат маълумоти гаронбахо медихад.
У. Пулодов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …